Оғози интихоботи раисҷумҳури Русия дар Тоҷикистон

Ҳавзаҳо барои раъйдиҳӣ дар бинои Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, дар назди консулхонаи Русия дар Хуҷанд ва се ҳавзаи дигар дар гарнизонҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҷойгир шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон интихоботи раисиҷумҳури Федератсияи Русия оғоз шуд.

"Ҳамаи шаш ҳавзаҳои интихоботӣ кушода шуданд, ва дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ оғоз гардид", — иттилоъ дод ба РИА Новости  раиси комисиюни интихоботӣ, мушовири сафорати Русия дар Душанбе, Валерий Дергачев.

Шаҳрвандони бурунмарзии Русия ба интихобот бештар таваҷҷуҳ доранд

Ба гуфти ӯ, ҳавзаҳо дар бинои Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, дар назди консулгарии Русия дар Хуҷанд (шимоли кишвар), се ҳавза дар гарнизонҳои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон — дар Душанбе, Қурғонтеппа ва ҳамчунин дар объекти ҳарбӣ-кайҳонии "Окно"-и шаҳри Норак, ҷойгир шудаанд.

Пештар дар Хуҷанд шаҳрвандони Русияро, ки бори аввал дар раъйдиҳии раисҷумҳури Русия иштирок мекунанд, табрик гуфтанд.

Дар маросим роҳбари Маркази илму фарҳанги Русия Иван Иванов ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттиҳодияҳои ҳамватанони Русия (КСОРС) Людмила Темирова ширкат варзиданд.

Шаҳрвандони Русия, ки дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунандува ба наздикӣ ҳаждаҳсола шудаанд, имсол тавонистанд бори нахуст дар раъйдиҳӣ иштирок намоянд.