ДУШАНБЕ, 18 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви ш.Душанбе, бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, роҳбалади ширкати "Сомон-Эйр" муроҷиат намудааст, ки санаи 1-уми феврали соли 2018, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ, аз дохили ҳавопаймои хатсайри самти "Дубай-Душанбе" 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг-Галакси А-7"-ро дуздидааст.
Арзиши телефони мобилӣ, 3000-сомониро ташкил медиҳад.
Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, бо гумони дуздӣ дастгир карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.