Боздошти сокинони шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми ғоратгарӣ

Ду сокини шаҳри Хоруғ ба ҷурми ғоратгарӣ боздошт шудаву нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар- Sputnik. Ба гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабари ғоратгариро шаҳрванд Назармамадов Дустмамад, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Рошткалъа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия расонидааст.

Ӯ гуфтааст, ки ки шаби 14 марти соли равон, тахминан соати 02:34-дақиқа, шахсони номаълум аз дохили оғилхонаи манзили истиқоматиаш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи ШБДА, воқеъ дар мавзеи Ботсад, кормандони милитсия автомашинаи тамғаи "Чанху",бо рақамҳои қалбакии ВК8766РТ01, таҳти идораи ронанда Завқибеков Масрур Хайёлбекович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, манъ кардаанд.

Сокинони Душанбешаҳр ва шаҳри Ваҳдат бо ҷурми ғоратгарӣ дастгир шуданд

Ҳамроҳаш шаҳрванд Нағзибеков Фарид Марватшоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Қирғизистон, хонаи №82, оиладор, соҳиби як фарзанд,ки  пеш бо моддаҳои 89 қ.2 ва 249 қ.3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, будааст.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили он як сар ҳайвони шохдори калон дарёфт карда шудааст.

Инчунин ҳангоми кофтукови шахсии шаҳрванд Нағзибеков Фарид Марватшоевич, аз либоси дар танаш дошта, як адад селофани сиёҳ, ки дар дохилаш маводи ҷигариранг, монанд ба маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар ВМКБ маводи дарёфт карда шуда, маводи нашъадори навъи "афюн" буда, вазни холисаш 3 граммро ташкил медиҳад.

Далели шайъӣ — як сар чорвои калони шохдор ба соҳибаш баргардонида шудааст.    

Зимни бозпурсӣ, номбурдагон ба гуноҳи худ, дуздии як сар ҳайвон ва маводи мухаддир, пурра иқрор гардидаанд.

Айни ҳол, нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дуздии моликияти шахсӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.