Коҳиши 55 дарсадии қимати билети ширкати ҳавопаймоии русӣ ба Тоҷикистон

Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дар посух ба ин иқдом 4 рӯз қабл ба ширкати "Уральские авиалинии"-и Русия иҷозаи парвоз дар масири нави Перм ба Душанберо надод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik.Ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии"-и Русия қимати билети худ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар Тоҷикистонро аз 16 —уми марти соли ҷорӣ 55 дарсад арзонтар кардааст.

Марина Карпенко, сухангӯи ин ширкат гуфт, қимати билети парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Самара, Қазон ва Красноярск ба Тоҷикистон барои як мусофир байни 4 ҳазор то 4 ҳазору 500 рубли русӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ то 55 дарсад арзонтар аст.

Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дар посух ба ин иқдом 4 рӯз қабл ба ширкати "Уральские авиалинии"-и Русия иҷозаи парвоз дар масири нави Перм ба Душанберо надод.

Тоҷикистон масъалаи парвозҳои "Уральские авиалинии"-ро дар Маскав баррасӣ мекунад

Вазорати нақлиёти Русия ҳам дар муқобил таҳдид кард, ки дар сурати амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ бо Маскав дар заминаи додани иҷозаи парвоз ба ҳавопаймоҳои русӣ, дар баробари ин кишвар муқобилаи ҳамсон хоҳад кард.

 Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар барномаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ бо Русия бояд тавозун риоят шавад то ширкатҳои "Тоҷик —Эйр" ва "Сомон —Эйр" дучори хисорати молӣ нашаванд.

Ба иддаои мақомоти Тоҷикистон, аксари парвозҳо миёни ду кишвар дар ихтиёри ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ аст, ки ин амр ба зиёни ширкатҳои тоҷикистонӣ тамом мешавад.

 Дар соли 2017 низ ихтилофи мушобеҳе миёни Русия ва Тоҷикистон рух дод, ки дар ниҳоят бо тавофуқи тарафҳо ба поён расид. Аз ин рӯ, мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар посух ба даъвати ҷониби Русия барои сафар ба Маскав ва ҳалли ин мушкил гуфтаанд, ки пас аз поёни ҷашни Наврӯз омодаи рафтан ба Русия ҳастанд.