ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ба гузориши РИА Новости, ҳамаи тиллое, ки аз ҳавопаймо рехта буд, аллакай ҷамъ карда шудааст, вале мардум то ҳол умед дорад, ки тилло меёбад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн кардаанд, ки ба хубӣ аён аст, чӣ гуна мардум дар наздикиҳои фурудгоҳ дар ҷусӣуҷӯи тилло ҳастанд.
Бархе аз сокинон тавассути худравҳо "тиллозор"-ро ҷустуҷӯ доранд.
Рӯзи 15 март, дар фурудгоҳи шаҳри Якутски Русия аз дохили ҳавопаймои боркаши Ан-12 ҳангоми парвоз 3,4 тонна хишти тилло, метали гаронбаҳои сафед ва алмос рехта буд.
Ба гузориши ҳукумат, дари ҳавопаймо ҳангоми парвоз канда шудааст.
Хиштҳои тилло барои он ба замин рехтаанд, ки онҳоро хуб бор накардаанд. Ҷамъан дар дохили ҳавопаймо ҳудуди 9,3 тонна тиллову метали қимматбаҳо будааст.
Хиштҳои афтида аз тиллою нуқра иборат будааст. Ба иттилоъи Станислав Бордюков раҳбари ширкати кандагии Kinross Gold, ки соҳиби бор аст, хиштҳои нуқра нисбат ба тилло бештар будааст.