Гулмурод Ҳалимов дар рӯйхати таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид

Шӯрои амният аз ҳамаи давлатҳо-аъзои СММ талаб мекунад, ки дархостҳои қатънома ва таъмини иҷрои таҳримҳоеро, ки созмон онҳоро ба тасвиб расонидааст, амалӣ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. СММ таҳримҳоро дар нисбати Гулмород Ҳалимов, фармондеҳи собиқи гурезаи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон, ки соли 2015 ба гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайваст, тамдид намуд.

Моҳи сентябри соли гузашта Вазорати мудофиаи ФР гузориш дода буд, ки дар натиҷаи зарбаи Нерӯҳои кайҳонии Русия ба нуқтаи фармондеҳии зеризаминии ДИ воқеъ дар атрофи шаҳри Дайр-аз-Зори Сурия, тақрибан 40 ҷангиён кушта шудаанд, ки дар байни онҳо Ҳалимов низ будааст.

Рӯйхати муҷаддади таҳримҳо дар нисбати ДИ ва "Ал-Қоида" (ф мамнӯъ дар Тоҷикистон) рӯзи сешанбе дар расонаи СММ нашр шуда, ки ба он 257 нафар шахсони воқеӣ ва 81 нафар шахсони ҳуқуқӣ, шомил шудаанд. Шӯрои амнияти СММ соли 2015 дар нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳҳо, муассисаҳо ва созмонҳое, ки ба ДИ ва "Ал-Қоида" мутааллиқанд, таҳримҳои ҳадафманд эълон намуд.

Раҳимзода: То ҷое мо медонем, Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст

Дар ин рӯйхат мисли пештара номи Ҳалимов вуҷуд дорад. Ба он ҳамчунин исми фармондеҳи барҷаста, зодаи ҷануби Тоҷикистон,  Ҳасан Ал-Тоҷикӣ ворид шудааст.

Шӯрои амният аз ҳамаи давлатҳо-аъзои СММ талаб мекунад, ки дархостҳои қатънома ва таъмини иҷрои таҳримҳоеро, ки созмон ба тасвиб расонидааст, амалӣ намоянд 

Таҳримҳо кишварҳои узви СММ-ро вазифадор мекунанд, ки дороиҳои ашхос ва муассисаҳои номбурдаро баста, ба сафарҳои онҳо ва намояндагонашон мамнуият гузоранд, ҳамчунин таҳрими аслиҳаро дар нисбати шахсони воқеӣ ва созмонҳои номбаршуда таъмин намоянд.

Ҳалимов — аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки таҳти таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ қарор дорад. Апрели соли 2015 ӯ ногаҳон нопадид гашт ва моҳи майи ҳамон сол дар Сурия пайдо шуду, тавассути як паёми видеоие эълон кард, ки ба ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Қаблан додгоҳи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нисбати се хешовандони наздики Гулмурод Ҳалимови гуреза ҳукм бароварда буд.

"Ба Алӣ Ҳалимов, ҷияни Гулмурод Ҳалимов, ва бародаронаш Комилу Назир Ҳалимовҳо ҳукми додгоҳ дар шакли аз 7 то 18 соли маҳрумият аз озодӣ, бароварда шуд", — эълом карданд дар додгоҳ.

Кобулов: ҳадафи ДОИШ сарнагун кардани ҳукумати кишварҳои ОМ аст

Дар авоили моҳи сентябри соли гузашта Вазорати мудофиаи Русия гузориш дода буд, ки дар шаҳри Дайр-аз-Зори Сурия, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймоии НҲК ФР, собиқ фармондеҳи ОМОН-и тоҷик Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст.

Президенти Академияи мушкилоти геополитикӣ генерал-полковник Леонид Ивашов он замон изҳор дошта буд, ки "ин яке аз муҳимтарини воқеаҳои стратегӣ мебошад, ки рафти ҷангро шикаст медиҳад, ба ҷаҳонбинии ҷавонони ифротгарое, ки ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ҳастанд, таъсири мусбии худро хоҳад расонд".

Коршиноси низомӣ, сармуҳаррири маҷаллаи "Натсионалная оборона" Игор Коротченко низ бар он бовар аст, ки "нобудсозии фармондеҳони аршади гурӯҳакҳои террористии "Давлати исломӣ" — шикасти ҷиддии равонӣ ва низомии террористон мебошад".