"Таркиши бузург" ва Стивен Хокинг: олиме, ки ба оламиён хидмати бузург кардааст

Олими машҳури англис Стивен Уилям Хокинг дар синни 77-солагӣ вафот кард
Sputnik

 Стивен Хокинг рӯзи 14 март дар манзилаш дар Кембриҷ вафот кард. Ин олими бузург аз соли 1963 инҷониб ба бемории табобатнашавандаи склерози амиотрофӣ гирифтор буд, аммо ба воситаи технологияи навини компюторӣ баромад мекард ва дарс медод.

"Ман таъкидме кунам, ки мо бояд сайёраро нигаҳбонӣ кунем. Дар акси ҳол, дар ҳозорсолаҳои баъдӣ инсоният наметавонад зинда бимонад",- гуфта буд вай. 

Фарзандони Хокинг гуфтанд, ки падарашон "олими бузург ва инсони аҷибе буд, ки мероси илмии вай садсолаҳои дигар зинда хоҳад монд".