Бадном мекунам: худкушии духтари 18-сола дар Зафаробод пас аз таҳдиди маъшуқаш

Марди 29-солае дар ноҳияи Зафаробод ба иттиҳоми ба худкушӣ расонидани як духтари 18-солаи ҳамин ноҳия дастгир шуд. Вай пас аз хабардор шуданаш аз он ки духтар аз вай ҳомила шудааст, таҳдид кардааст, ки ӯро бадном мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Зафаробод як духтари 18-сола худкушӣ кардааст.  Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури дохила хабар медиҳад, марди 29-солаи ҳамин ноҳия ба иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҷавондухтар боздошт шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми тафтишоту бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Зафаробод, марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ба худкушӣ расонидан дастгир карда шуд. 

"Тафтишот муайян намуд, ки номбурда аз моҳи июли соли 2017 то ин ҷониб, якчанд маротиба бо духтари 18-солаи сокини шаҳраки Х.Алиеви ноҳияи Зафаробод, муносибатҳои маҳрамона доштааст, ки оқибат зан ҳомиладор мешавад", гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Арӯсии иҷборӣ: донишҷӯ нахост арӯс шаваду худкушӣ кард
 

Баъдан, гумонбаршуда бо тариқи телефони мобилӣ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст зада, таъкид кардааст, ки дар бораи бо дигар нафарон ҳам муносибатҳои маҳрамона доштанаш ва дигар маълумоти бадномкунандаро паҳн мекунад. 

Дар натиҷа ҷабрдида дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. 

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад, менависад ВУД.