Ситоиши Эмомалӣ Раҳмон аз боду ҳавои Қазоқистон

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки бо ҳар сафари ӯ ба Қазоқистон симои Остона зеботар мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Қазоқистон ҳузур дорад. Ӯ дар рафти ин сафар боду ҳавои хуби пойтахти ин кишварро қайд кардааст, менависад Sputnik Қазоқистон.

Дар рафти дидор бо Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури Тоҷикистон қайд карда, ки бо ҳар сафар ба Қазоқистон, тағйироти зебои Остонаро мебинад.

"Ҳамаи ин дастовардҳо пеш аз ҳама ҳосили заҳмати хирадмандона ва сиёсати дурандешонаи шумо аст. Қазоқистон аз ҷиҳати гардиши коло дар иқтисоди Тоҷикистон аз пештаринҳо асту дар ҷои дуюм қарор дорад. Мо барои рушди ҳама гуна ҳамкорӣ бо Қазоқистон омода ҳастем", — гуфт Раҳмон.

Сюрпризи Нурсултон Назарбоев барои Эмомалӣ Раҳмон

Ба гуфти ӯ дар давоми 25 соли ҳамкорӣ Қазоқистон ҳамеша Тоҷикистонро дастгирӣ мекард.

"Сипос барои меҳмоннавозӣ. Боду ҳавои хуш. Ҳосилот фаровон мешавад", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

"Дар Душанбе гармтар мешавад?", — пурсид Назарбоев.

"Тақрибан чунин аст. Барфи шумо бештар аст, мо ҳам мехостем… Муттаассифона имсол дар мо бориш кам аст",- ҷавоб дод Эмомалӣ Раҳмон.

"Парво накун, боз меборад", — тасаллӣ дод Назарбоев.

"Барои мо моҳҳои охири боронгарӣ феврал ва март аст…", — гуфт Раҳмон.