Кӯдаке, ки дар баданаш 16 сӯзан ёфта буданд аз беморхона ҷавоб шуд

Ба гуфти намояндаи Вазорати тандурустии Узбакистон, сӯзанҳои дар бадани тифл боқимонда ба ҳаёти ӯ дигар таҳдид намекунанд, ва дар сурати хатарнокӣ онҳоро низ бо роҳи ҷарроҳӣ берун хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тифли яксола, ки ду моҳ пеш табибони Тошканд аз баданаш 13 сӯзани дӯзандагӣ гирифта буданд, аз беморхона ҷавоб дода шуда, ҳоло дар зери назорати табибон қарор дорад, хабар дод намояндаи Вазорати тандурустии Узбакистон.

"Имрӯз тифл ба хона баргашт. Пас аз баргаштан вай дар зери назорати табибони маҳаллӣ хоҳад буд", — иттилоъ дод намояндаи Вазорати тандурустӣ ба РИА Новости.

Пизишкон аз бадани кӯдаки 11-моҳа 16 сӯзан ёфтанд

Ба гуфти пизишк, сӯзанҳои дар бадани тифл боқимонда ба ҳаёти ӯ дигар таҳдид намекунанд, ва дар сурати хатарнокӣ онҳоро низ бо роҳи ҷарроҳӣ берун хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки 17-уми январи соли равон тифли 11-моҳаеро бо ҳарорати баланд ва шурӯъи маризии пневмония ба яке аз беморхонаҳои Тошканд оварда буданд. Табибон дар бадани тифл 16 сӯзан пайдо карданд. 

Муоинаи тиббӣ нишон дод, ки сӯзанҳо ба бадани тифл 1-1,5 моҳ пеш дароварда шудаанд. Ҷарроҳон амалиётеро ба анҷом расониданд, ки дар рафти он аз бадани вай 13 сӯзанро берун оварданд. Амалиёти тиббӣ тақрибан 9 соат давом кард.

Табибон бар он боваранд, ки тифл наметавонист 15 сӯзанро худ ба худ фуру барад, зеро онҳо дар ҷойҳои мухталифи бадан қарор доштанд. Ба андешаи мутахассисон сӯзанҳо ба бадани тифл бо дахолати касе даромадаанд.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки тифли яксолае дар ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд ба чуқурии кандашуда барои ҳоҷҷатхона дар ҳавлии хусусӣ афтода, ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодисаи фоҷиавӣ бо сабаби бепавоиии модар, ки дар он вақт ба ҳавлирӯбӣ машғул буд, рух додааст. Тифл то омадани табибон ҷон дода будааст.