Даргузашти олими машҳур Стивен Хокинг

Олими физик Стивен Уилям Хокинг дар 77 солагӣ аз олам даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 мар— Sputnik. Ин олим дар тӯли ҳаёташ бо корҳои зиёди илмӣ дар соҳаи физикаи назариявӣ машғул буд.

ВВС бо такя ба хонаводаи марҳум аз марги Стивен хабар додааст.

Дар соли 1963 пас аз ташхиси пизишкон бемории олим муайян шуд ва пизишкон пешбинӣ карданд, ки аз умри ӯ ду се сол мондааст. Вале пешбинии пизишкон хато баромад.

Хокинг ва Милнер ковишгари байниситораҳоро ба кайҳон мефиристанд

Хокинг дар тӯли умраш фаъолона ба тарғиби илму дониш машғул буд. Соли 1988 китобаш таҳти унвони "Таърихи кӯтоҳи вақт" аз чоп баромад, ки серфурӯшандатарин китоби ҷаҳон шуда буд.

Баъдтар китобҳои "Сӯрохиҳои сиёҳ ва коиноти ҷавон" (1993) ва "Ҷаҳон дар пучоқи чормағз" (2001) мунташир шуданд.

Соли 2005-ум олим ҳамроҳи духтараш Люси Хокинг барои кӯдакон китоби "Ҷорҷ ва асрори ҷаҳон"-ро навиштанд.

Тадриҷан дар шабакаҳои телевизионӣ бо ширкати Хокинг барномаҳои гуногун аз ҷумла "Ҷаҳони Стивен Хокинг" ва барномаи сесериёлӣ-"Дар ҷаҳон бо Стивен Хокинг" намоиш дода мешуданд.

Соли 1965 Хокинг бо Ҷейн Уайлд хонавдор шуду пас аз ҷанде ин хонавода соҳиби се фарзанд, писар Роберт, духтар Люси ва писари хурдӣ Тимоти шуданд. Соли 1990 зану шавҳар аз ҳам ҷудо шуданд.

Пас аз чанде Хоикнг бо Элайн Мэйсон хонадор шуд. Моҳи октябри соли 2006 онҳо ҳам аз ҳам ҷудо шуданд.