Саросема нашавед: ВУХ гуфт, ки кай ва чӣ гуна бе мамоният метавон ба Узбакистон рафт

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасаонад, ки барои амалӣ шудани созишномаи рафтуомади бемамонияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбакистон бояд чанд расмиёти дохилиро ба анҷом расонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Созишномаи миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистонро ҷиҳати сафарҳаои дуҷонибаи шаҳрвандон тавзеҳ додааст.

"Дар чаҳорчӯби сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат  Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки буду боши бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, ба имзо расид",- менависад манбаъ.

Азбаски баъзе расонаҳо аллакай дар бораи ба иҷро даромадани Созишнома хабар паҳн карданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ба манзури пешгирӣ аз нороҳатиҳо барои шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ба маълумот мерасонад, ки барои амалигардонии ин Созишнома зарур аст, то расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад, тавзеҳ додааст ВУХ.

Ях об шуд: раводиди байни Тоҷикистону Узбакистон бекор шуд

Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо шарикони узбакистонӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи расмиёти дахлдор талоши заруриро анҷом медиҳад.
Ҳамчунин ба маълумот мерасонем, ки сарҳади давлатиро танҳо тавассути шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон убур кард.

Дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Созишнома иловатан маълумот дода хоҳад шуд.