ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. На камтар аз даҳ тан ироқиён қурбони камингирии ҷангиёни маргталаби ДИ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гаштанд, ки он дар қисмати роҳи Боғдод-Киркук рух додааст, хабар дод телеканали маҳаллӣ Al Sumaria бо ишора ба манбае аз ниҳодҳои амнияти давлатӣ.
"Ҷангиёни маргталаби ДИ дар қисмати роҳи Бағдод-Киркук, наздикии рустои Мафтул, гузаргоҳи тафтишотии тақаллубӣ сохтанду, 10 тан аз сокинони осоиштаро куштанд", — иттилоъ дод манбаъ.
Вай ҳамчунин илова кард, ки низомиёни ниҳодҳои далатӣ атрофи ҷои ҳодисаро ба ҳалқа гирифтаанду, террористонро ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар моҳи феврали соли равон губернатори Киркук, остони шимолии Ироқ, Ракан ал-Ҷабурӣ ба РИА Новости иттилоъ дода буд, ки гурӯҳҳои "хобидаи" ДИ дар ин остон ба сокинон таҳдид мекунанд, ҷангиёни шабона ба хонаҳо ҳамла мекунанду, одамонро ба яғмо мебаранд.
Дар моҳи март ихтиёриёни ироқӣ гуфтанд, ки дар остони Киркук амалиёти муштараки низомӣ ҳамроҳ бо полиси федеролӣ, барои бартараф кардани гуруҳҳои ифротгарои ДИ мубориза бурда истодаанд.
Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ моҳи декабри соли гузашта дар бораи ғалабанок тамом шудани ҷанг бар зидди ДИ эълон карда буд, вале баъдтар таъкид намуд, ки мубориза бар зидди гурӯҳҳои "хобидаи" ДИ ногузир аст.