ВУД: ҷавони 25-солае дар Хуҷанд ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шуд

Ин сокини Хуҷанд манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои муносибатҳои маҳрамона ба чанд мард ва зан шароит фароҳам овардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як сокини шаҳри Хуҷандро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардааст.

Бино бар иттиолои манбаъ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 25-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

Гумонбаршаванда, рӯзи 3-юми марти соли 2018, дар дигар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи 33-и шаҳри мазкур шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зани 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, марди 20-солаи сокини шаҳри Панҷакент ва зани 25-солаи сокини шаҳри Хуҷандро барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.