Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон бо интишори як навор, як рӯзи кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро дар шаҳри Душанбе нишон додааст.
Дар аввали навор раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ Шавкат Мирзиёевро пешвоз мегирад. Сипас маросими пешвоз дар "Қасри миллат" идома меёбад.
Афзун бар ин, мулоқоту музокироти Раҳмон ва Мирзиёев низ дар навор дида мешавад. Пас аз он ду кишвардор ба "Кохи Борбад" рафта, барномаи "Шоми дӯстӣ"-ро тамошо мекунанд. Дар охир раисҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Узбакистон аз "Кохи Наврӯз" дидан мекунад.