Ях об шуд: раводиди байни Тоҷикистону Узбакистон бекор шуд

Мардуми Тоҷикистону Узбакистон бидуни раводиду ҳуҷҷате ҳуқуқ доранд дар манотиқи кишварҳои ҳамсоя то 30 рӯз бимонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, низоми раводиди миёни Тоҷикистону Узбакистон бекор карда шуд.

Имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.    

"Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Узбакистон ба шумор меравад",-омадааст дар хабарнома.

Раҳмон ва Мирзиёев дар чӣ бора суҳбат карданд

Дар ин замина имрӯз, 9 март созишнома миёни Тоҷикистону Узбакистон ба имзо расид. Дар умум миёни ду кишвари ҳамсоя 27 созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун имзо шуд.

Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбати овони ахирро дар муносибатҳои ҷонибайни ду кишвар, аз ҷумла ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баҳои баланд додааст.

Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ Мирзиёев ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби Узбакистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони НОБ-и Роғун баён кардааст.