Раисҷумҳур раиси нави Ожонси мубориза бо фасодро таъйин кард

Сагинбек Исмоилов раиси нави Ожонси мубориза бо фасоди Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон таъйин шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар— Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар бораи таъйиноти Сагинбек Исмоилов ба ҳайси раиси Ожонси мубориза бо фасоди Кумитаи амнияти миллии ин кишвар, қарор имзо кардааст.

Миёнаҳои моҳи феврал, кишвардори Қирғизистон дар нишасти Шӯрои Кумитаи амнияти миллӣ, раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба далели решакан накардани фасод дар мақомоти ҳукуматӣ, танқид кард. Жээнбеков ҳангоми ёдкарди қасам, рӯзи 24 ноябр гуфта буд, ки мубориза бо фасод аз вазифаҳои аввалиндараҷи ӯ дар мақоми президентӣ хоҳад буд.

"Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар бораи таъйиноти Сагинбек Исмоилов ба вазифаи раиси Ожонси мубориза бо фасоди Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон қарор имзо кард",-омадааст дар хабарнома.

Раиси пешини Ожонси мубориза бо фасод Дуйшенбек Чоткараев моҳи феврал аз вазифааш барканор шуд.

Раиси нави Ожонс, Исмоилов пештар дар вазифаи муовини раиси Хадамоти давлатии назди раисҷумҳур фаъолият кардааст.