Рустам Эмомалӣ барои Ёсуман ва Манижа 4500 сомонӣ стипендия ҷудо кард

Духтар-радар ва духтар-калкулятор, ки бо истеъдоди фавқуллодаашонро обрӯи Тоҷикистон дар ҷаҳон боло бардоштанд, аз ҷониби шаҳрдори Душанбе қадрдонӣ шуданд. Барои Манижа ва Ёсуман дар соли 2017-2018 стипендияи раиси шаҳр ҷудо шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба ду толибилми шаҳр-Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 4500 сомонӣ барои идрорпулӣ ҷудо кард. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдор ба имзо расидааст.

Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, мақсад аз ҷудо кардани стипендия, ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани Ёсуман ва Манижа аст, ки дар озмуни байналмилалӣ ширкат карда, обрӯи Тоҷикистонро боло бардоштанд.

"Исмонзода Ёсуман ва Манижа Тошболтаева бо стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нӯҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда шаванд",- омадааст дар банди аввали қарори Рустам Эмомалӣ.

Ифтихор мекунем: Эмомалӣ Раҳмон Ёсуман ва Манижаро таҳсин гуфт

Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки  пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи октябр дар Маскав озмуни байналмилалии "Удивительные люди" баргузор шуд, ки он тариқи шабакаи телевизионии "Россия 1" намоиш дода мешуд. Дар он ду донишомӯзи тоҷик-Ёсуман Исмонзода-духтар калкулятор ва Манижа Тошболтаева-духтар радар низ ширкат карда, тамошобинон ва доварони барномаро бо истеъдоди фавқуллодаи худ ба ҳайрат гузоштанд.

Ёсуман ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро зарбу тақсим кунад. Манижа бошад, бо чашм суръати мошинҳоро дақиқ муайян мекунад.

Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9-уми Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, ӯ дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ — "Империя знаний"-муддати як сол ба омӯзиши масъалаҳои гуногуни илми ҳисоб машғул будааст. Манижа низ дар ҳамин марказ дониши худро сайқал медиҳад.

Чанде пеш Литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёсуманро аз пардохти маблағи таҳсил озод карда буд.