Ҳазорон тоҷикистонӣ ба пешвози Мирзиёев мебароянд

Ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 9 март бо парчами ҳар ду давлат ва шиорҳо ба пешвози Шавкат Мирзиёев мебароянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Душанбе раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро  ҳазорон тоҷикистонӣ пешвоз мегирад, хабар медиҳад вебгоҳи ТоҷикТА дар истинод ба як манбаи худ, дар Ҳукумати кишвар.

"Шавкат Мирзиёевро ҳангоми сафари расмиаш ба Тоҷикистон  ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон бо парчам ва шиор мешвоз мегиранд. Мардум аз фурудгоҳ то иқоматгоҳи муваққати раисҷумҳур саф хоҳанд истод",- омадааст дар хабар.

Ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова дар назди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи аввали омадани Мирзиёев ба Тоҷикистон бо ӯ мулоқот мекунад.

Афзун бар ин, ба нақша гирифта шудааст, ки раисҷумҳури Узбакистон бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот мекунад.

Маросими расмии қабули меҳмони баландмақом чошт дар Қасри миллат баргузор мешавад.

Пас аз гуфтугӯи як ба яки  Раҳмон ва Мирзиёев, мулоқоти ҳайъатҳои расмии ду кишвар дар доираи васеъ баргузор мешавад, ки дар натиҷаи байни Тоҷикистон ва Узбакистон созишномаҳом байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ имзо хоҳад шуд.