Сафорати Тоҷикистон: тоҷикон дар тирандозӣ дар Маскав даст надоштанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст доштани тоҷикон дар тирандозӣ дар назди истгоҳи метро дар Маскавро таъйид накард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар тирандозие, ки дар назди истгоҳи метрои “Котелники” дар Маскав рух дода буд, ширкат надоштанд, эълом кард дафтари равобити умумии Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия гузоришҳо аз даст доштани тоҷикон дар тирандозиеро, чанд рӯз пеш дар Маскав рух дода буд, таъйид накард.

“Дар ин тирандозӣ, ки дар назди истгоҳи метрои “Котелники” рух дода буд, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштаанд”, — таъкид кардааст сафорат дар баёнияаш.

Дар Маскав байни тоҷикону чеченҳо тирпарронӣ шуд

Ёдоварӣ мекунем, ки яке аз шоҳидони ин тирандозӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки он 2 март дар паи ҷанҷол миёни тоҷикҳо ва чеченҳо рух дода буд.

Ба гуфти вай, ин ҳодиса тақрибан соатҳои  15:50 (ба вақти Маскав) рух дода буд ва ҳангоми тирпаронӣ камобеш даҳ тир шиллик шудааст.

Дар ин тирандозӣ 6 кас захмӣ шуда, вале ному нишону шаҳрвандиву аҳволашон ошкор нашудааст. Бозҷӯии ин қазия ҳамакнун идома дорад.