Навори садамае, ки ҷони шаш шаҳрванди Узбакистонро гирифт

Дар паи садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон ронанда ва шаш шаҳрванди Узбакистон кушта шуданд
Sputnik

Худрави тамғаи LADA Largus ва боркаши Shacman, ки аз Актау ба ҷониби ноҳияи Бейнеу равон буданд, ба садама дучор шуданд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон, дар натиҷаи ин садама ҳафт кас аз ҷумла шаш шаҳрванди Узбакистон ҷон бохтааст.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 1 март солати 06.00 (бо вақти Душанбе) дар шоҳроҳи "Актау-Бейнеу" дар ҳудуди ноҳияи Шетпи вилояти Мангистауи Қазоқистон бо ширкати худрави тамғаи LADA Largus ва боркаши Shacman, ки аз Актау ба ҷониби ноҳияи Бейнеу равон буданд, садама рух дод. 

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаву тафтишот ар самти муайян кардани ҳувияти ҳалокшудагон идома дорад.