Дар Душанбе беҳтарин ронандазанро интихоб карданд

Дар "Автодром" кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озмуни "Авто-Бону-2018" гузаронида шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, чорабиниро муовини вазири корҳои дохилӣ, Саидзода оғоз намуда, занону бонувони ронанда ва дар симои онҳо тамоми бонувони кишварро ба муносибати "Рӯзи модар" самимона табрик намудааст.

Дар озмуни "Авто-Бону-2018", беш аз 50 нафар бонувони ронанда, аз тамоми манотиқи кишвар ширкат кардаанд.

Авто-Бону: занҳои ронандаи Тоҷикистон дар рӯзи идашон рақобат мекунанд

Озмун аз рӯи 5 давр, аз ҷумла "Варақаи боздид" — "Ман ва автомобилам", "Донандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ", "Рондани автомобил дар Автодром", "Ёрии аввалияи тиббӣ" ва "Маҳорати кадбонугӣ" гузаронида шудааст.    

Ҷойи аввал ва ҷоизаи "Авто-Бону-2018"-ро Мадина Назарова сазовор гардида, ҷойи дуюмро Силсиламоҳ Азимова ва Муътабар Азимова ба даст оварда, ҷойи сеюм ба Сабзалиева Раҳима, Усмонова Барногул ва Салмонова Сураё насиб гардидааст.

Ғолибони озмуни "Авто-Бону-2018"

Ғолибонро муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон табрику таҳият намуда, ба онҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ифтихорнома, Диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим кардааст.