ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додаанд, талоши бозингарони "Хуҷанд" дар қисми аввали дидор самараи дилхоҳ ба бор овард.
Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-уми бозӣ Фирдавс Чақалов ҳисоби дидорро боз намуд. Дере нагузашта, лигионери африқоии дастаи "Хуҷанд" Агблей Ҷонс голи дуюмро таслими дарвозаи Никола Стошич намуда, тимашро бартарӣ дод.
Аммо баъд аз сар додани ду гол ҳам шогирдони Муҳсин Муҳаммадев дилсард нашуда, муборизаро барои пирӯзӣ идома доданд.
Дар дақиқаҳои иловагии қисми аввали дидор бозингари дастаи "Хуҷанд", Фирдавс Чақалов ғайричашмдошт тӯбро ба дарвозаи тими худ ворид сохт. Дар нимаи дуюми дидор бозигарони "Истиқлол" бештар ташаббусро ба даст гирифтанд ва зуд зуд ҳамалаҳо созмон доданд, ки дар як ҳолат ҳамлагари ҷадиди дастаи футболи "Истиқлол" Миколай Зенко бо зарбаи сар голи ҷаҳоруми ин дидорро ба ҳадаф расониду таносубро баробар сохт.
Бо ҳисоби 2:2 вақти асосии бозӣ ба поён расид. Баъд аз ин довари марказ ду қисми иловагӣ таъйин кард. Аз ин имконият бозингарони "Истиқлол" беҳтару хубтар истифода намуда, голи тақдирсози ин дидорро ба ҳадаф расониданд. Нозим Бобоҷонов муаллифи ин голи ғалабаовар гардид.
Ҳамин тариқ дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи 7-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.