Таърихи имзои шартномаи марзии Тоҷикистону Узбакистон муайян шуд

Шартномаи марзӣ дар бораи қисматҳои алоҳидаи марзи Тоҷикистону Узбакистон дар Тоҷикистон, ҳангоми сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев имзо хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, шартномаи марзӣ дар бораи қисматҳои алоҳидаи марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳангоми сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон имзо мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, аз 24 феврал то 1 март дар Тошканд вохӯрии навбатии ҳайъатҳои Тоҷикистону Узбакистон оид ба аломатгузории марзӣ баргузор шудааст.

"Дар ин дидор гурӯҳҳои корӣ тарҳи шартномаи марзиро дар бораи қисматҳои алоҳидаи марзи давлатии Тоҷикистону Узбакистон омода кардаанду имзои ин шартнома ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар аст", —омадааст дар хабарнома.

Омодагии Душанбе барои пешвози Шавкат Мирзиёев

Пештар хабар дода шуд, ки Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9-10 март аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.

Ҳамчунин, рӯзи 24 феврал дар шаҳри Фарғона таҳти раёсати Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода нишасти навбатии тарафҳо оид ба аломатгузории марзӣ баргузор шуд.

Дар ин мулоқот масоили аломатгузорӣ дар марзи боқимондаи Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин нишаст нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон масоили омодагӣ ба сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва имзои якқатор қарордодҳо ва созишномаҳоро дар чорчӯби ин сафар муҳокима кардаанд.