Додситонии Тоҷикистон шиканандаҳои Қонуни танзими ҷашну маросимро ҷарима баст

Додситонии ноҳияи Шаҳринав бархе аз шаҳрвандонро барои шикастани Қонуни танзими ҷашну маросим ҷарима бастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Додситони ноҳияи Шаҳринав дар паи санҷиши иҷрои Қонуни танзими ҷашну маросимҳо чандин маврид аз қонуншикании шаҳрвандон ва бепарвоии масъулони Кумисюни танзими ҷашну маросимҳои ноҳияи Шаҳринавро ошкор кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар гузорише, ки маркази матбуотии он имрӯз мунташир карда, чанд намуна аз ин қонуншиканиҳоро бар шумурдааст.

Чунончӣ, бино бар ин гузориш, Каттаев ном ҳунарпеша бо Авғонов ном шаҳрванд қарордод набаста, дар ҷашни домодии писари вай, ки 13 январ баргузор шуда, ҳунарнамоӣ кардааст. Ин ду шаҳрванд муқаррароти банди 1 моддаи 14 Қонуни танзими ҷашну маросимро шикастаанд.

Талаби риояи бечунучарои қонуни танзим аз раисони шаҳру навоҳии Суғд

Ҳамчунин Рӯзибадалов ном шаҳрванде бар хилофи муқаррароти банди 6 моддаи 10 ин Қонун барои баргузории маросими сабти давлатии акди никоҳ ва ҷашни домодии фарзандаш бо 5 худрави саворӣ барои овардани арӯс рафта, ки бо ин кирдори худ талаботи қонунро вайрон намудааст.

Ҳамчунин Сафаров ном бошандаи ноҳияи Шаҳринав 20 январ барои баргузории сабти давлатии ақди никоҳ ва ҷашни домодии писараш 10 худрави савориро кироя карда ва банди 6 моддаи 10 Қонуни ёдшударо шикастааст.

Додситонии ноҳияи  Шаҳринав нисбати ин шаҳрвандон 4 парванда оғоз карда ва барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав фиристодааст.

Қарор аст, ки додгоҳ аз ин қонуншиканон 5 ҳазор сомонӣ ҷарима биситонад.