Бузургтарин наҳанги ҷаҳон одамро мехӯрад? (НАВОР)

Кӯсанаҳанг -бузургтарин моҳиест, ки ҳоло вуҷуд дорад
Sputnik

Дарозии ин наҳанг то 20 метр ва вазнаш то 18 тонна мерасад. Назар ба ҳамтаборонаш ин наҳанг дарранда нест. Хӯрокии асосии вай моҳичаҳо ё планктонҳо (маҷмӯи ҷисмҳои растанӣ ё ҳайвон, ки дар баҳр, дарё ва кӯлхо зиндагӣ карда, ба воситаи ҷараёни об аз ҷое ба ҷое мекӯчанд)  ҳастанд.

Ин моҳи бисёри вақташро дар қисми болоии уқёнус мегузаронад. Кӯсанаҳанг хело оҳиста шино мекунад, суръати шинои моҳӣ  тақрибан 5км/соат.

Ин моҳиро дар обҳои гарми саросари уқёнусҳо во хӯрдан мумкин аст. Аммо олимон кӯсанаҳангҳоро бештар аз ҷазираҳои Галапагосс пайдо кардаанд.

Ин моҳи ба гурӯҳи моҳиҳои рӯ ба нобудӣ дохил мешавад.