52 тоҷикро аз автобуси вайроншуда дар Қазоқистон наҷот доданд

Автобуси мусофиркашон, ки дар дохили он 54 мусофир буданд, дар роҳ ба Русия вайрон шуд. Ҳамаи мусофирон аз сардӣ наҷод дода шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тавре Sputnik Қазоқостон хабар медиҳад, дар Қазоқистон дар шоҳроҳи Остона-Петропавловск автобуси мусофиркашоне вайрон шудааст, ки дар дохили он 52 шаҳвранди Тоҷикистон буданд.

"Автобуси мусофиркашон, ки дар дохили он 54 мусофир буданд, дар 140-километрии шоҳроҳи Остона-Петропавловск вайрон шуд. Автобуси тамғаи "Ванхол" аз шаҳраки Меркеи Қазоқистон ба Екатеринбург равона буд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷаи аз худрави дармонда 54 мусофир, ки аз он 52 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 2 нафарашон ронандаҳо-шаҳвандони Қазоқистон буданд, наҷот доа шуданд.

ВКХ Тоҷикистон ба шаҳрвандон: бо автобус аз Қазоқистон ба Русия наравед

Мусофиронро ба ҷойи гарм- ба яке аз мактабҳои ноҳия бурдаанд. Аҳволи тоҷикистониён хуб аст ва ба кӯмаки тиббӣ ниёз надоранд.

Чунин рухдод, 22 январ дар ҳудуди вилояти Оқмулоқи Қазоқистон рӯй дода буд. Он замон аз автобуси корношоям 57 шаҳрванди Тоҷикистонро наҷот доданд.

Ёдрас мешавем, Рӯзи 18 январ дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, дар шоҳроҳи Самара-Чимкент автобусе, ки дар он муҳоҷирони Узбакистон буданд, ба сӯхтор дучор шуд. Дар ин ҳодиса фоҷиавор 52 шаҳрванди Узбакистон зинда ба зинда сӯхтанд.

Панҷ тан, аз ҷумла ду ронанда тавонистонд ҷони худро халос кунанд. Ҳамаи мусофирон шаҳрвандони Узбакистон ва ронандаҳо шаҳрвандони Қазоқистон буданд.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки ду ронандаи автобус барои риоя накардани техникаи бехатарӣ, ки дар натиҷаи мусофирон ба ҳалокат расиданд, ба додгоҳ кашида шудаанд. Тафтишоти ҳодиса идома дорад.