Ид муборак: занон дар 8-уми март аз раисҷумҳур 11 долларӣ мегиранд

Заноне, ки дар корханаву муассиса ва ташкилотҳои гуногуни Туркманистон фаъолият доранд, дар рӯзи ҷашн аз номи раисҷумҳур 40 манат (11 доллар) мукофотпулӣ мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Занҳои Туркманистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии 8-уми март 40 манатӣ (баробар бо $11) аз раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дарёфт мекунанд, хабар медиҳад рӯзномаи ҳукуматии "Туркманистони бетараф".

Ҷоизаи пулии раисҷумҳур дар рӯзи ҷашн ба занҳое дода мешавад, ки дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногуни кишвар кор мекунанд.

Ҳамчунин, ин ҳадя ба занҳое, ки нафақаву кӯмакпулиҳои давлатӣ мегиранд, ва ё дар аспирантураву докторантура ва орденатураҳои клиникӣ ба тариқи рӯзона таҳсил мекунанд, ва инчунин ба шунавандагони курсҳои Академияи хизмати давлатӣ дар назди раисиҷумҳури Туркманистон, дода мешавад.

Рустам Эмомалӣ барои маҳаллаи беҳтарини Душанбе 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад

Ҳамин тарз, ба 11 долларӣ боз духтарҳои донишҷӯ, толибагони макотиб ва мураббиёни муассисаҳои томактабии кӯдакона сарфароз хоҳанд шуд.

Иди 8-уми Март дар Туркманистон пас аз чанде танаффус дубора ҷашн гирифта мешавад. Вай аз ҷониби раисиҷумҳури вақти кишвар Сапармурод Ниёзов дар соли 2001-ум бекор шуда буд. Дар замони роҳбарияти ӯ, Иди занон рӯзи 21-22-юми март ҳамчун Иди Наврӯз-байрам ҷашн гирифта, чун Иди миллии баҳору занони Туркманистон шинохта мешуд.

Вале бо вуҷуди ин, дар моҳи январи соли 2008 раисиҷумҳури кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов қонунеро оид ба ворид намудани тағирот ба Кодекси қавонини кор ва меҳнат имзо кард ва Рӯзи байналмилалии занонро ба 8-уми март баргардонд.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки раисиҷумҳури Туркманистон Қубонқулӣ Бердимуҳаммадов тасмимеро дар робита ба таъсиси ҷашни нав Рӯзи коркунони соҳаи нақлиёт ва алоқа ба имзо расонидааст.

Тибқи санад, ҳамасола рӯзи 7-уми март дар саросари кишвар Рӯзи коркунони соҳаи нақлиёт ва алоқа ҷашн гирифта мешавад. Қайд карда мешавад, ки тасмими мазкур ба вазоратҳо ва идораҳои соҳавӣ ироа мекунад, ки ин идро дар сатҳи олӣ ҷашн гиранд.