Ясмина Алидодова ба даври ниҳоии озмуни "Кто ты?" роҳ ёфт

Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш кардаанд, ки духтари боистеъдоди тоҷикистонӣ-Ясмина Алидодоваро дастгирӣ намоянд, ва ба тарафдории ӯ дар даври ниҳоии реалити-шоу “Ту кистӣ?” овоз диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ясмина Алидодова, сарояндаи ҷавони тоҷик ба даври ниҳоии озмуни реали-шоуи кӯдакона роҳ ёфт.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш кардаанд, ки ин духтари боистеъдодро дастгирӣ намоянд. Ба тарафдории Ясмина ин ҷо мешавад овоз дод.

"Биёед бо овоздиҳӣ ва дуоҳоямон духтари боистеъдод Ясмина Алидодоваро дастгирӣ намоем. Ҳамроҳ мо — қувватем. Ҳамроҳ мо — ғалаба хоҳем кард", — менависанд онҳо.

Ясмина Алидодова: мехоҳам суруди Аҳмад Зоҳирро сароям

"Ту кистӣ?" — озмуни овозхонии  кӯдакона буда, нафаре, ки дар он пирӯз мешавад, бо продюсер Татяна Тур қарордоди ҳамкорӣ имзо мекунад.

Ҳайати доварон аз байни 10 ҳазор довталаб  ҳамагӣ 11 кӯдакро интихоб мекунад. Ширкаткунандагон барои мукофоти асосӣ дар ҷазираи Таиланд мубориза хоҳанд бурд.

Дар зери дурбинҳои камераҳои телевизионӣ онҳо сурудҳои навро сабт мекунанду аз санҷиш мегузаранд, ва дар мавриди ба навор гирифтани блогҳо, ба онҳо блогнависони машҳур, ба монанди Саша Спилберг, Настя Кот ва Люся Чеботина, кӯмак мерасонанд.

Даври ниҳоии озмун дар таърихи 9-уми апрели соли равон, дар Crocus City Hall-и Маскав баргузор мешавад.

Ясмина Алидодова овозхони 13-солаи зодаи Тоҷикистон буда, дар Дубай зиндагӣ мекунад, чанд забонро медонад ва аллакай дар олами араб бо сурудхонӣ машҳур гардидааст.

Алидодова ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва ҳиндӣ суруд мехонад. Ба умри кӯдаконаи худ нигоҳ накарда, вай кӯшиш мекунад, ки созу навоҳои ҷиддиву пурпечутобро иҷро кунад.

Ясмина аз репертуари ситораи мусиқии араб Фейрӯз, ки услубаш яке аз сангинтарин дар олами мусиқии араб ба ҳисоб меравад месарояду боре суруди Аҳмад Зоҳир "Бевафо ёрам"-ро низ иҷро кардааст.