Ҳидояти Рамазон Раҳимзода аз сарбозони даъватҳои гуногуни Суғд

Рамазон Раҳимзода сарбозони даъватҳои гуногунро ба муносибати бародарона, тифоқию муттаҳидӣ ва дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳидоят намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ммрӯз дар чорчӯби сафари хизматӣ ба вилояти Суғд, вазири корҳои дохилӣ аз қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД боздид кардааст.

Рамазон Раҳимзода афсарон ва сарбозони ин ниҳодро аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ табрику муборакбод гуфтаасту, дар фаъолияти хизматӣ комёбӣ таманно кардааст.

Рамазон Раҳимзода ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ сипоснома фиристод

Вазири корҳои дохилӣ зимни ошноӣ бо рафти хизматбарии афсарону сарбозон, корҳои ободонӣ ва иншоотҳои ёрирасони ин қисми низомӣ дидан намудааст.

Зимни мулоқот бо ҳайъати шахсии қисми низомӣ вазир сарбозонро барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва шомил нагардидан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ даъвт намуда, қайд кардааст, ки дар ин самт бояд муборизаро пурзӯр намоянд.

"Яке аз мушкилоти ҷаҳони имрӯз ин шомилшавии баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад", — гуфтааст Раҳимзода.

Ҳамчунин, вазири корҳои дохила оид ба муносибати хизматии байни сарбозони даъватҳои гуногун суҳбат карда, онҳоро ба муносибати бародарона, тифоқию муттаҳидӣ ва дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳидоят намудааст.

"Шумо фарзанди як Ватану миллат буда, бояд аз худ ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ зоҳир намоед", — гуфтааст вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Дар идомаи суханронӣ, Раҳимзода таъкид кардааст, ки сарбозони қисми низомӣ бояд пайваста ба машқу тамрин ва обутоби бадан машғул шуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри такмил додани хислатҳои тобоварӣ ва истодагарӣ ҳангоми хизмат равона сохта, бо истифода аз шароитҳои муҳайёгардида касбҳои ронандагӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ, дӯзандагӣ ва амсоли инро аз худ намоянд.