Қодиров: ман ҳангоми ироаи паёми раисҷумҳур хоб намеравам

Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров хабари хобравиашро ҳамнгои ироаи паёми Владмир Путинро, ки дар шабакаҳои интернетӣ паҳн шудааст, рад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров хабари хобравиаш дар рафти ироаи паёми Владимир Путинро рад кард.

"Хоб намеравам ва хоб нарафтаам! Ҳич гоҳ. Ва умуман ман кам хоб мекунам. Кор бояд кард. Дар мо мижа задан ҳам намешавад", — навиштааст раҳбари Чеченистон дар шабакаи Telegram.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин имрӯз паёми худро ба парлумон ироа кард. Ин бор Владимир Путин бештар ба масоили амният диққат карда ва гуфтааст, ки таҳкими қувваи низомии Русия кафолати амният ва сулҳ дар рӯи ҷаҳон аст.

"Фикр мекунам, ки бояд қайд кунам, ин бисёр муҳим аст: таҳкими қувваи низомии Русия-ин кафолати боэътимоди силҳ дар сайёраи мост, чунки ин қувва баробариро дар ҷаҳон нигоҳ медошту нигоҳ медорад", — гуфт Путин.

Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки махсус стратегияи Амрико бобати истифодаи яроқи ҳастаӣ дар ҷавоб ба ҳамлаи оддии мусаллаҳона ё таҳдид, ташфишовар аст.