Путин: ҳаргуна корбурд аз ҷангафзорҳои атомиро бедиранг посух хоҳем дод!

Ҳаргуна корбурд аз ҷангафзорҳои атомӣ дар рӯёрӯи бо Русия ва ҳампаймононаш аз нигоҳи Маскав ҳамлаи атомӣ шумурда шуда ва бедиранг посух дарёфт хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раисҷумҳур Владимир Путин дар Паёмаш ба Маҷлиси Федеролии Русия ҳушдор дод, ки Маскав ҳаргуна корбурд аз ҷангафзорҳои атомӣ дар рӯёрӯи бо Русия ва ҳампаймонҳояшро “ҳамлаи атомӣ” дониста ва бедиранг посух хоҳад дод.

“Доктрини низомии Русия ҳаққи истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ дар посух ба корбурди ҳаргуна ҷангафзорҳои ҳастаӣ ё силоҳҳои куштори ҳамагонӣ алайҳи кишвари мо ва ё муттаҳидонамон ва ҳамчунин дар сурати таҳдиди давлат бо истифода аз дигар силоҳҳоро баро мо боқӣ гузоштааст”, — ёдоварӣ кард раҳбари Русия.

Путин: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҷӯёни бисёре ҷамъ омадаанд

Вай дар бахше дигар аз суханронияш гуфт, ки бартарӣ надоштан дар ҳавзаи фанноварӣ метавонад ба коҳиши сатҳи амният ва фурсатҳои иқтисодӣ ва саранҷом аз даст рафтани тамомияти арзии Русия бирасонад.

Путин таъкид кард, ки Русия бар чолишҳои наву душвори иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ғалаба карда ва ваҳдати кишвар нигаҳ дошта шудааст.

“Амалиёти Сурия сатҳи болои тавоноии низомии Русияро намоиш дод. Акнун ҳама ҷаҳон номи ҷангафзорҳои навини Русияро медонад”, — афзуд вай.

Раҳбари Русия гуфт, ки кишвар халоеро, ки дар дифоъи мушакӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ падид омад, пур карда ва Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар шаш сол 300 гуна ҷангафзори нав тавлид кардаанд.

Вай дар мавзуъи равобити Русия ва Амрико гуфт, ки Вашингтон ҳама пешниҳодҳои ҳамкории Маскавро радд карда, ҳол он ки Кремл талош мекард то Кохи Сафедро ба даст кашидан аз шикастани паймони дифоъи зиддимушакӣ ташвиқ кунад. Аз ин рӯ, дар вокуниш ба Амрико, Русия низ системҳои низомии нав тавлид мекунад.

Путин эълом кард, ки Русия ҳамакнун кулоҳаки ҳастаиеро такмил мекунад, ки онро метавон бо мушкаҳои болдор партоб кард.

“Дар авохири соли 2017 Русия бо муваффақият мушаки ҳастаиеро озмоиш кард, ки навтарин гуна аз ҷангафзорҳо аст. Мушакҳое дорем, ки ҳеч кишваре дигар аз онҳо надорад”, — афзуд вай.

Раҳбари Русия бо ишора бо танишҳо дар равобити Маскаву Вашингтон гуфт, ки ду кишвар бояд дар ҳамкорӣ бо ҳам ояндаро бисозанд.