Тоҷикон наздиктар шуданд: Гузаргоҳи марзӣ байни Панҷиканд ва Самарқанд боз шуд

Рӯзи 1 марти соли 2018 бо иштироки роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Самарқанди Узбакистон гузаргоҳи сарҳадии "Саразм-Ҷартеппа", воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷиканд расман боз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, дар маросими кушодашавии гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа"  раиси виояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанди  Туробҷон Ҷӯраев ширкат ва суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ боз шудани гузаргоҳи сарҳадии "Саразм-Ҷартеппа" ва дигар гузаргоҳҳои байни сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбакистонро иқдоми муҳими роҳбарияти ду кишвари ба ҳам дӯст арзёбӣ кард.

Раиси вилоят афзуд, ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ба рушду такомули минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии  дуҷониба ва густариши робитаву муносибатҳои дӯстиву ҳамсоягӣ мусоидат хоҳанд кард.

Пеш аз ифтитоҳ: Аҳмадзода аз гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистон дидан кард

"Ҳамкориҳои минбаъдаи босамараи байни Тоҷикистону Узбакистон, ки дар ин роҳ имрӯз қадами муҳим гузошта шуд, ба манфиатҳои решавии мардуми ду халқ, ки робитаҳои бисёрасраи анъанавии дӯстиву ҳамсоягӣ, ҳурмату эҳтироми ҳамдигарӣ онҳоро ба ҳам мепайвандад ва дар саргаҳи ин дӯстӣ мутафаккирони бузурги Шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ меистанд, мусоидат мекунад",- таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Гузаргоҳи марзии осонгузар дар марзи Тоҷикистону Узбакистон боз шуд

Ҳамчунин раиси вилояти Суғд,  бо ёдоварӣ аз ифтитоҳи хатти ҳавоии Душанбе-Тошканд, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон ва Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон, намоиши маҳсулоти муассисаҳои саноатии Тоҷикистон дар Узбакистон ва Форуми соҳибкорон ва тоҷирони ҳар ду давлат изҳор дошт, ки марҳилаи нави ҳамкориҳо миёни давлатҳо фаро расидааст.

Ҳокими вилояти Самарқанди Узбакистон Туробҷон Ҷӯраев низ аз боз гардидани гузаргоҳи сарҳадии "Саразм-Ҷартеппа" истиқбол карда, изҳори боварӣ намуд, ки бо боз шудани ин гузаргоҳи сарҳадӣ ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя — Тоҷикистону Узбакистон рушд меёбанд.

Ёдрас мешавем, худи ҳамин рӯз ҳамзамон бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони навоҳии ҳаммарзи Узбакистон гузаргоҳҳои сарҳадии "Уротеппа-Кушкент", "Зафаробод-Хавостобод", "Хавотоғ-Учтурғон", "Ҳаштияк — Бекобод" ва "Навбунёд-Поп" расман боз гардиданд.