Мирзоалӣ Комил раиси Федеросюни куштии Тоҷикистон интихоб шуд

Раиси Федеросюни куштии Тоҷикистон Мирзоалӣ Комил интихоб шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Рӯзи 22 феврал дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Федеросюни куштии Тоҷикистон (куштии озод, фарангӣ ва тоторӣ) баргузор шудааст.

Дар ин нишаст Мирзоалӣ Комил раиси федеросюн интихоб шудааст.

Пас аз шикаст: сармураббии нави дастаи "Хуҷанд" Нуъмонҷон Юсуфов таъйин шуд

Дар кори ҷаласа вакилон, ҳамчунин меҳмонон – Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ ширкат кардаанд.

Дар ҷаласа дархости истеъфои раиси федеросюн Музаффар Ҳукматуллоев баррасӣ шуд. Бо раъйдиҳии вакилон раҳбари ширкати давлатии "Роҳи оҳан" Мирзоалӣ Комил барои давраи то соли 2022 раиси Федеросюни куштии Тоҷикистон интихоб шуд.

Вай барои боварӣ ба вакилони ҷаласа изҳори сипос карда, иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Аҳтам Абдуллозода ба Мирзоалӣ Комил дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият муваффақият хоста, иброз дошт, ки Кумитаи миллии олимпӣ барои беҳбудии кор то ҳадди имкон ба федеросюн кумак мерасонад.