Узбакистон барқи Тоҷикистонро чанд пул мехарад?

Тибқи қарордод, Узбакистон дар давраи тобистон як rиловатт барқи Тоҷикистонро ба маблағи ду сент харидорӣ карда ҳангоми зимистон 2,5 сент барои як киловатт барқ пардохт хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Душанбе ва Тошканд оиди интиқоли нерӯии барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад Тоҷик.ТА.

"Тоҷикистон интиқоли барқро авохири моҳи март ё авали моҳи апрели соли равон ба Узбакистон оғоз хоҳад кард. Ҳаҷми умумии интиқоли нерӯи барқ дар давоми як сол ба кишвари ҳамсоя, на кам аз 1,5 миллиард кв/соатро ташкил хоҳад дод ", — омадааст дар хабарнома.

Тоҷикистон аз баҳор ба Узбакистон барқ содир хоҳад кард

Тибқи қарордод, Узбакистон дар давраи тобистон як миловатт барқи тоҷикро ба маблағи ду сент харидорӣ карда, ҳангоми зимистон 2,5 сент барои як киловатт барқ пардохт хоҳад кард.

"Тоҷикистон интиқоли барқро ба Узбакистон дар ҳар замон метавонад оғоз ккнад, вале корҳои барқароркунии 60 километр хати интиқоли барқи пайвасткунандаи минтақаи ҷануби Узбакистон бо Тоҷикистон ва амалисозии тарҳи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматика дар шаҳри Турсунзода то ҳол ба итмом нарасида, корҳо дар ин самт босуръат ҷараён доранд", — навиштааст манбаъ.

Пеш аз ин вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода гуфта буд, ки Тоҷикистон омода аст содироти барқ ба Узбакистонро оғоз кунад.

Душанбе ва Тошканд тасмим гирифтанд хаттҳои интиқоли барқро, ки шабакаҳои барқи ду кишварро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон пайванд мекарданд, дубора бозсозӣ кунанд.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон метавонад тобистонҳо то 5 милёрд киловатт барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.

Узбакистон дар соли 2009 якҷониба аз шабакаҳои муштараки барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ хориҷ шуда буд. Дар паи ин иқдом иртиботи барқии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа канда шуд ва ин кишвар бо камбуди шадиди барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дучор шуд.