Чор шаҳрванди Русия барои фиреби тоҷирони тоҷик ҳукми зиндон гирифтанд

Қонуншиканон бо тоҷирони тоҷик ва қазоқ дар бораи содироти нафт шартнома баста буданд, ки маблағи умумии он наздики 60 миллион рублро ташкил медод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Чор шаҳрванди Русия, сокинони шаҳри Уфа барои фиреби тоҷирони точик ҳукми зиндон гирифтанд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад.

"Дар Уфа нисбати парвандаи 4 шаҳрванди Русия ҳукм содир гаштааст. Онҳо ширкатҳои тоҷикиро ба маблағи 1 миллион доллар фиреб кардаанд",- омадааст дар хабар.

Тавре дар гузориш тавзеҳ дода мешавад, маҳкумшудагон дар давоми як сол, аз соли 2014 то соли 2015 шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон ва Қозоқистонро фиреб медоданд, ки барояшон аз ширкатҳои машҳури Русия нафт содир мекунанд.

Онҳо бо соҳибкорони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи содироти нафт шартнома баста буданд. Маблағи умумии шартнома зиёда аз 60 миллион рублро ташкил медод.

Муҷримон аз 3 сол то 5 сол шартан ҳукми зиндон гифтанд.