Узбакистон роҳи оҳан бо Тоҷикистонро барқарор кард

Узбакистон хатти роҳи оҳани Ғалаба – Амузангро бозсозӣ кард, ки вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлонро бо якдигар мепайвандад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Фардо, 1 март нахустин қатор аз истгоҳи “Тирмиз” дар вилояти Сурхондарё ба истгоҳи “Хошадӣ” дар вилояти Хатлон хоҳад расид.

“Узбакистон хатти роҳи оҳани Ғалаба – Амузангро, ки роҳҳои оҳани Узбакистон ва Тоҷикистонро бо якдигар мепайвандад, бозсозӣ кард”, — хабар додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Русия ва Қазоқистон тарҳи таробарии “Евразия”-ро роҳандозӣ мекунанд

Нахустин қатори борӣ фардо, 1 март аз истгоҳи роҳи оҳани “Тирмиз” дар вилояти Сурхондарё ба  истгоҳи “Хошади” дар ноҳияи Шаҳритӯс хоҳад рафт.

Ба ин муносибат 1 март намояндагони роҳҳои оҳан ва вилояту ноҳияҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар марз дидору нишаст хоҳанд дошт.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳаракати қаторҳо дар хатти роҳи оҳани Амузанг – Тирмиз – Қӯрғонтеппа, дар паи таркише, ки моҳи ноябри соли 2011 дар он рух дода буд, қатъ шуда ва дар баҳори соли 2012 Узбакистон ин хаттро ба баҳонаи кӯҳнаву фарсуда будани рейлҳо бар канда буд.

Тоҷикистон ночор шуд барои пайвастани роҳҳои оҳани вилояти Хатлон ба роҳҳои байналмилал роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа – Кӯлобро бисозад. Ин роҳ бо 500 милюн сомонӣ сармоягузорӣ сохта ва дар моҳи августи соли 2016 ба баҳрабардорӣ расид.