ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Туғёни оби рӯди Ромит 16 хонаро дар маҳаллаи Гулпарвар осеб расонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
“Дар паи обхезӣ дар рӯди Ромит 16 ҳавлӣ дар маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зери об шуд”, — иттилоъ додааст Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи умури изтирорӣ.
Ба гуфтаи вай, ин балои табиъӣ имрӯз дар соъати 03.50 рух додааст.
Кормандони Кумитаи умури изтирорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо бошандагони маҳалла пайомадҳои обхезиро поксозӣ карда ва рӯдбори Ромитро соҳилбандӣ кардаанд.
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон дирӯз ҳушдор дода буд, ки дар паи боришҳои бисёр дар кӯҳсори Ҳисор ва Рашт рӯдҳо дар ин минтақаҳо пуроб шуда ва туғён хоҳанд кард.
“Сешанбе, 27 феврал дар паи боришҳои бисёр дар саргаҳи рӯдҳои кӯҳистонҳои Ҳисор ва Рашт, рӯдҳои Ёхсу, Қизилсу ва дигар рӯдҳо пуроб шудаву туғён хоҳанд кард. Дар ноҳияҳои тебеъи марказ раъду барқ пешбинӣ мешавад ва дар кӯҳсорон барф хоҳад борид”, — гуфта мешавад дар огаҳии Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон.