Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ ҳамкорӣ мекунад

Соҳибкорони Тоҷикистон бо яке аз бузургтарин ширкатҳои Саудӣ дар бахши чорводорӣ ва паррандапарварӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik.Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ ҳамкорӣ мекунад. Ин нуқта дар рафти мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ  Заробиддин Қосимӣ бо Раиси ширкати Алмароъӣ Шоҳзода Султон ибни Муҳаммад Алкабир маълум гашт.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш ҷаноби сафири тоҷик Заробиддин Қосимӣ бо раиси ширкати "Аламроъӣ" Шоҳзода Султон ибни Муҳаммад Алкабир дидор ва мулоқот кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар, ба вижа дар бахшҳои чорводорию парандапарварӣ ва коркарди саноатию бозоргирии маҳсулоти он баррасӣ шуд.

Манбаъ меафзояд, "Алмароъӣ" яке аз бузургтарин ширкатҳои Саудӣ дар бахшҳои номбурда дар ин мамлакат ва минтақа ба шумор меравад.