Даниел Рустамов бо овозаш Тимати, Фадеев ва Брежневаро шигифтзада кард

Даниел Рустамов овозхони ҷавони тоҷик доварони озмуни "Песни"-ро дар шабакаи ТНТ бо овозаш тасхир карду ба даври навбатии озмун роҳ ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳунарманди ҷавон Даниел Рустамов Тоҷикистонро дар озмуни "Песни" шабакаи ТНТ Русия бо мувафаққият муаррифӣ кард.

Даниел, ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин озмун, суруди All Of Me аз John Legend-ро суруда бо овозаш доварони озмунро шигифтзада кард.

"Салом. Ман Даниел ҳастам. Ман дар ин озмун Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам", — гуфт Даниел ва сурудашро оғоз кард.

Ҳунарнамоии овозхони тоҷикро Тимати, Максим Фадеев ва Вера Брежнева арзёбӣ мекарданд.

Вера Брежнева аз овози Даниел ба ваҷд омаду, барои иҷрои хуби суруд ба Даниел Рустамов "Офарин" гуфт.

"Бачаҳо, ман аз тембри Даниел ба ваҷд омадам. Шумо имрӯз Душанберо дар сатҳи олӣ муаррифӣ кардед. Ман ба шумо дар бахши дуюм комёбӣ таманно мекунам", — гуфт Вера Брежнева.

Ҳунарнамоии Даниел Рустамов дар озмуни "Песни" дар шабакаи ТНТ

Максим Фадеев ва Тимати ҳам якдилона ба Даниел овоз доданду сарояндаи ҷавони тоҷик ба даври навбатии озмуни "Песни" роҳ ёфт.

Шодии Даниел ҳадду канор надошт. "Ман бори дигар барои пешравии кишварам такони бузурге додам. Фикр мекунам, ки маро ҳамаи дӯстон дар навбати авал бибиям, падару модарам дастгирӣ мекунанд. Худоро шукр, барои ин имконият. Ин олӣ буд. Мушкил аст бо сухан тасвир кардани ин эҳсосот", — гуфт Даниел пас аз анҷоми сурудхонӣ.

Даниел Рустамов то ин дам дар озмунҳои зиёде аз қабили "Голос", "X-Фактор" ва "Youthvision-2017" ширкат карда Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Даниел гуфт, ки ҳар як ҳунарнамоии ӯ барои машҳур шудан набуда, ба хотири муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ ва кишварҳои хориҷ аст.

"Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, дар кӯҷое набошам ватани худ-Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям",-мегӯяд бо ифтихор ҳунарманди ҷавони тоҷик.

Даниел дар айни замон ба сабти албоми аввалини худ машғул аст.

Озмуни ҳунарии "Песни" чанд ҳафта боз дар шабакаи ТНТ Русия оғоз шудааст. Дар ин озмун беш аз 200 овозхон аз гушаю канори гуногуни Русия ва берун аз он ширкат карда ҳунари овозхонии худро ба доварон намоиш медиҳанд. Ҳадафи аслии ин озмун дарёфти ситораҳои нав барои ду ширкати бонуфузи шоу-бизнеси Русия, Black star ва Malfa мебошад.

Ситораҳои ояндаро Тимати ва Максим Фадеев барои ширкатҳои худ интихоб мекунанд. Ғолибонро дар баробари шартномаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи шоу-бизнеси Русия, 5 миллион рубли русӣ интизор аст.