Беҳтарин лаҳзаҳои бозии ниҳоии хоккеи дастаҳои Русия ва Олмон

Sputnik

Бозигарони мунтахаби Русия оид ба хоккей дар даври овертайми сабқат ҳарифони худро аз Олмон мағлуб карда медали тиллои Олимпиадаи зимистонаи 2018-ро аз худ карданд.

Бозии бозигарони Руия ва Олмон рӯзи якшанбе баргузор шуду, мунтахаби Русия рақибони худро бо ҳисоби 4:3 мағлуб карда, қаҳрамони Олимпиада шуданд.

Мунтахаби Русия то ин дам боре ҳам дар Олимпиада мақоми аввалро нагирифта буд: соли 1992 мунтахаби ИҶШС медали тилло ба даст оварда буд. Барои мунтахаби Олмон ҳам ҷойи дуюм дар Олимпиада бори аввал аст.

Барои варзишкорони Русия ин медали дуюми тилло дар Олимпиадаи зимистонаи 2018 аст. Нахустин медалро дар риштаи рақс дар рӯи ях Алина Зигитова гирифт.

Акнун мунтахаби Русия аз Олимпиада бо ду медали тилло, шаш медали нуқра ва нӯҳ медали биринҷӣ бозгашт.

Беҳтарин лаҳзаҳои бозии дастаи хоккейи Русия ва Олмонро дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

1 / 20
Пирӯзии хоккейбозони рус дар даври ниҳоии сабқати Русия-Олмон дар XXIII-умин Олимпиадаи зимистона.
2 / 20
Сергей Калинин (Русия), Никита Нестеров (Русия) ва Давид Волф (Олмон) дар сабқати ниҳоии Русия-Олмон оид ба хоккей дар Олимпиадаи 2018.
3 / 20
Ҳаводори дастаи хоккейи Русия дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018.
4 / 20
Дастаи хоккейи Русия дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018.
5 / 20
Шайбаи сабқати хоккейи XXIII-умин Бозиҳои олимпӣ.
6 / 20
Феликс Шютст (Олмон) ва Иван Телегин (Русия) дар даври ниҳоии бозии Русия-Олмон дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018.
7 / 20
Шодии ҳаводори дастаи Русия дар бозии даври ниҳоии дастаи Русия ва Олмон дар Олимпиадаи соли 2018.
8 / 20
Шодии Патрик Хагер (Олмон) ва Брукс Матсек (Олмон) пас аз ба нишон расидани шайба дар бозии Русия-Олмон дар Олимпиадаи соли 2018.
9 / 20
Ҳаводорони дастаи Русия дар даври финалии бозии Русия-Олмон дар Олимпиадаи соли 2018.
10 / 20
Бозигарони дастаи Русия ҳангоми танаффуси рақобати байни тимҳои Русия ва Олмон дар Олимпиадаи соли 2018.
11 / 20
Николай Прохоркин ва Доминик Кагун дар даври ниҳоии бозии Русия ва Олмон дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018
12 / 20
Шодии Никита Гусев аз ба нишон расидани шайба ба дарвозаи рақибон дар бозии ниҳоии Русия ва Олмон
13 / 20
Шодии Доминик Кагун (Олмон), Язин Элитс (Олмон) ва Франк Мауэр (Омлон) пас аз ба нишон расидани шайба ба дарвозаи рақибон дар бозии ниҳоии Русия ва Олмон.
14 / 20
Сергей Широков ва Сергей Калинин дар даври ниҳоии сабқати хоккейи Русия ва Олмон дар Олимпиадаи соли 2018.
15 / 20
Ҳаводори дастаи Олмон дар бозии ниҳоии тимҳои Русия ва Олмон дар Олимпиадаи соли 2018.
16 / 20
Николай Прохоркин дар даври ниҳоии бозии дастаҳои Русия ва Олмон дар Олимпиадаи соли 2018.
17 / 20
Кирилл Капризов дар даври ниҳоии сабқати хоккейи дастаҳои Русия ва Олмон дар Олимпиадаи соли 2018
18 / 20
Марсел Гоч пас аз итмоми бозии ниҳоии дастаҳои Русия ва Олмон.
19 / 20
Ҳаводорони дастаи Русия дар сабқати ниҳоии дастаҳои Русия ва Олмон дар Олимпиадаи соли 2018
20 / 20
Маросими супоридани медалҳои тиллоӣ ба хоккейбозони Русия дар Олимпиада-2018.