Ҷопон дар Хатлон панҷ тарҳи иҷтимоъиро ба баҳрабардорӣ расонд

Ҳукумати Ҷопон дар марказ ва бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон панҷ тарҳи иҷтимоъиро ба баҳрабардорӣ расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯби Барномаи грантҳо барои тарҳҳои амнияти башарӣ (GGP) дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус ва Ҷайҳун тарҳҳои иҷтимоъиро ба баҳрабардорӣ расонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Маросими баҳрабардорӣ аз ин тарҳҳо ҳафтаи гузашта бо ширкати Томоҳиро Накагакӣ, муовини сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, баргузор шуд, иттилоъ додааст сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон.

Купони ҷопонӣ, ё чигуна духтари тоҷик кӯдаконро бо равиши нодир омӯзиш медиҳад

Яке аз ин тарҳҳо бозсозии дабиристони рақами 8 дар ноҳияи Хуросон аст, ки Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои он камобеш 82,2 ҳазор дулор ихтисос дода буд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Қӯрғонтеппа тарҳи сохтусоз ва муҷаҳҳазсозии маркази пуштибони аз бонувони “Дилафрӯз” анҷом ёфт, ки барои ин тарҳ низ 82,2 ҳазор доллар кумаки бебозгашт ихтисос шуда буд.

Афзун бар ин, тарҳҳои беҳбуди сомонаи обрасонӣ (оби нӯшокӣ) дар ноҳияи Қубодиён, эҳё ва сохтусози сохтмонҳои нави дабиристони рақами 29 дар ноҳияи Шаҳритус, бозсозии дуто пул дар ҷамоати Яккадин дар ноҳияи Ҷайҳун ба поён расид. Ҳукумати Ҷопон барои ҳар як аз ин тарҳҳо низ беш аз 84 ҳазор дулор кумаки бебозгашт ироя кардааст.