Мирзиёев доктори ифтихории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мешавад

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар сафари расмиаш ба Тоҷикистон, ки 9 – 10 март сурат мегирад, унвони доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дарёфт хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳад шуд, хабар медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

“Дар ҷараёни сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, ки 9 – 10 март сурат хоҳад гирифт, Шавкат Мирзиёев унвони доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дарёфт хоҳад кард ", — иттилоъ медиҳад ТоҷикТА бо истинод ба манбае дар маҳофили илмии кишвар.

Қарор аст, ки Шавакт Мирзиёев дар чорчӯби сафари кории худ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид ва бо устодону донишҷӯён мулоқот кунад. Пас аз анҷоми ин дидор Донишгоҳ дипломи ифтихории доктори улумро ба раисиҷумҳури Ӯзбакистон хоҳад дод.

Пеш аз сафари Мирзиёев: Тоҷикистону Узбакистон протоколи марзиро имзо карданд

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бузургтарин донишгоҳ дар кишвар аст ва ҳар сола ҳазорҳо довталабонро мепазирад. Имрӯз дар ДМТ куллан 21 990 донишҷӯ дар 19 донишкада ва 100 ришта таҳсил доранд.

Пештар хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон эълом карда буд, ки раисҷумҳури Узбакистонро дар Душанбе дар оғози баҳор мунтазиранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуда буд, ки омодагии сафари раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Фарғона сарвазирони ду кишвар — Абдулҳай Орипов ва Қоҳир Расулзода баррасӣ карда буданд.

Дар 25 соли ахир байни кишварҳо мунтазам ихтилофоти назар рух медод. Душанбе кишвари ҳамсояро муттаҳам ба бастани роҳҳои оҳану заминӣ мекард. Тошканд низ ҳамвора мухолифаташро бо сохтусози НБО Роғун дар Тоҷикистон эълом мекард, ки ба андешаи мақомоти Узбакистон ба соҳаи кишоварзии минтақа таҳдид мекунад.

Дар таърихи 23 феврал сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов қарореро ба имзо расонд, ки тибқи он нӯҳ нуқтаи гузаргоҳӣ дар марзҳои Узбакистону Тоҷикистон, пас аз танаффуси тулонӣ, кори худро аз сар мегиранд.