Раисҷумҳур муовини нави вазири умури дохиларо таъйин кард

Полковник Одилов Баҳромбек Қаҳрамонович муовини нави вазири корҳои дохила таъйин шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Узбакистон муовини нави вазири умури дохилаи ҷумҳурӣ таъйин шудааст, хабар медиҳад нашриёти интернетии uznews-uz. бо такя ба манобеъи худ дар умури дохилаи кишвар.

Ҳамин тавр бо қарори раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, полковник Одилов Баҳромбек Қаҳрамонович муовини нави вазири корҳои дохила таъйин шудааст.

Дар ин вазифа Баҳромбек Одилов, Ҷамшед Султоновро иваз кардааст.

Пештар раиси Хадамоти гумруки Узбакистон, Муидҷон Тоҳир аз вазифа барканор шуд. Раҳбари нави Хадамоти гумруки Узбакистон Муродҷон Азимов, муовини пешини Додситонии кулли кишвар таъйин шуд.

Тоҳирӣ дар вазифаи сардори Хадамоти гумрук аз моҳи декабри соли 2016 фаъолият кардаааст. Аз соли 2013 ӯ раҳбари Хадамоти амнияти раисҷумҳури аввалини Узбакистон Ислом Каримов будаасту пештар мушовири раисҷумҳур ва муовини раиси Шӯрои амнияти миллӣ будааст.

Авохири моҳи январ Мирзиёев раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятовро, ки 23 сол боз дар ин симат буд, аз вазифа барканор кард.

Ба ҷои ӯ Ихтиёр Абдуллоев, ки пештар вазифаи додситони куллро бар дӯш дошт, таъйин шуд. Иноятов мушовири раисҷмҳур ва сенатор интихоб шуд.