Сафари Мирзиёев ва мушкилоти марзӣ: суҳбати нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон

Нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон масоили омодагӣ ба сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва имзои якқатор қарордодҳо ва созишномаҳоро дар чорчӯби ин сафар, муҳокима кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Масоили нахустин сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро дар шаҳри Фарғона нахуствазирони ду кишвар Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзда баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Узбакистон.

"Рӯзи 24 феврал дар шаҳри Фарғона таҳти раёсати Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода нишасти навбатии тарафҳо оид ба аломатгузории марзӣ баргузор шуд", — омадааст дар хабарнома.

Ашки шодӣ, дидори наздикон: хурсандии мардуми Тоҷикистону Узбакистон аз боз шудани марз

Дар ин мулоқот масоили аломатгузорӣ дар марзи боқимондаи Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин нишаст нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон масоили омодагӣ ба сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ва имзои якқатор қарордодҳо ва созишномаҳоро дар чорчӯби ин сафар муҳокима кардаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Тоҷикистон ва Узбакистон Шӯрои тиҷоратӣ таъсис медиҳад.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Узбакистон гуфт, ки дар ҷараёни сафари давлатии дарпешистодаи сарвари давлати Узбакистон ба Тоҷикистон, нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии дуҷониба баргузор хоҳад гашт.

Ба он 15 нафарӣ аз ҳар ду ҷониб шомил мешаванд, ки аз соҳибкорон, намояндагони вазоратҳо, идораҳо, мақомоти давлатӣ ва палатаҳои савдо ва саноат иборатанд.  

"Мо мехоҳем масъалаҳоеро баррасӣ намоем, ки имрӯз соҳибкорон ба онҳо алоқаманданд. Саволҳо хеле зиёд ҷамъ шудаанд. Ҳар як кишвар имконоту камбудиҳои худро ба хубӣ дарк мекунад, масалан, дар робита ба корҳои мақомоти андоз ва гумрук. Роҷеъ ба ин мавзӯъ метавон кушоду равшан ва дар шакли шӯрои соҳибкорӣ ҳарф зад", — зикр кард раисиҷумҳури Узбакистон.

Дар чорчӯбаи шӯрои тиҷоратӣ ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки ба маблағи қариб 15 миллион доллар қарордодҳои содиротиву воридотӣ ба имзо расонад.