Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қоҳир Расулзода барои ҳалли масъалаи марзӣ ба Узбакистон рафт

Дар нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба масоили делимитатси ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ намояндагони ҳукумат ва роҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ ширкат меварзанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон хабар медиҳад, имрӯз нахуствазири Тоҷикистон барои ширкат дар кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ба Фарғона сафар кард.

"Имрӯз ба Фарғона ҳайъати намояндагони ҳукуматии Тоҷикистон бо сардории Қоҳир Расулзода омаданд",- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Дар нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба масоили делимитатси ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ намояндагони ҳукумат ва роҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ ширкат меварзанд.

Чанде пеш ҳангоми сафари нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон ин масъала баррасӣ гардида буд.  Пас аз чанд дидору мулоқотҳои намояндагони Тоҷикистон ва Узбакистон, ба наздики ду гузаргоҳи марзии байни кишварҳо дубора боз шуданд.

Дар Узбакистон пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои кишвар бо Тоҷикистон як қатор беҳбудиҳо ворид карда шуданд. Соли гузашта, пас аз 25 сол бори аввал дар масири Тошканд-Душанбе ҳаракатҳои ҳавоӣ ҷорӣ карда шуданд.

Чанде пеш сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон сафар кард ва бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Пеш аз сафари Орипов ба Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев дар маҷлисе дар Тошканд гуфт, "бо ҳамсояҳо дубора дӯстӣ хоҳем кард". Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо нахуствазири Узбакистон гуфт, "Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояе ҳеҷ гоҳ монеа эҷод накардааст.

Ба нақша гирифта шудааст, ки аввалҳои баҳор раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд.