Узбакистон мехоҳад дар танзми вазъ дар Афғонистон нақши муҳиме дошта бошад (НАВОР)

Рӯзҳои 26-27 март дар Тошканд ҳамоиши байналмиллалӣ оид ба танзими вазъ дар Афғонистон баргузор мешавад
Sputnik

Вазири умури хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов дар бораи мақсадҳои баргузор кардани кофронси мазкур гуфт.

"Мақсади Узбакистон танҳо баргузор кардани ҳамоише дар бораи танзими вазъи Афғонистон нест. Балки кишвар мехоҳад аъзои фаъоли ин раванди сиёсӣ бошад",- қайд кард вай.

Комилов гуфт, кишвар ба хубӣ мефаҳмад, ки як ҳамоиш мушкилии гуфтугӯи сиёсиро дар Афғонистон ҳал карда наметавонад.

Вазири умури хориҷии Узбакистон афзуд, ҷустуҷӯи роҳҳои танзими сиёсӣ мавзӯи асосии ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд хоҳад шуд.

Конфронси танзими вазъ дар Афғонистон бо ибтикори Шавкат Мирзиёев дар Тошканд баргузор мешавад. Дар ҳамоиши мазкур Тоҷикистон, Русия, Чин, Амрико, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Эрон ва кишварҳои арабӣ ширкат мекунанд.