Тоҷикистон мехоҳад ҳамкориҳои гардишгариро бо Исфаҳони Эрон тақвият бахшад

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, акнун замони иртиботи бештар миёни устони Исфаҳони Эрон бо Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ фаро расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", Тоҷикистон ҳавасмандии худро дар рушди муносибатҳои гардишгарӣ бо шаҳри Исфаҳони Эрон иброз доштааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Неъматуллоҳ Имомзода дар дидор бо Алии Ёрмуҳаммадиён, мудири ширкати Намоишгоҳҳои байналмилалии устони Исфаҳони Эрон афзуд, зарфиятҳо ва осори таърихии Исфаҳон, ин шаҳрро ба ифтихори ҷаҳонӣ табдил карда ва заминаҳои муштараки ҳамкории мутақобилро фароҳам сохтааст.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, Тоҷикистон соли 2018-ро Соли тавсеаи гардишгарӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ номгузорӣ кардааст ва ин иттифоқ метавонад заминаҳои ҳамкорӣ миёни Исфаҳон ва Тоҷикистонро беш аз пеш фароҳам кунад.

Имомзода ҳамчунин барқарории хати парвози мустақим миёни Душанбе ва Исфаҳон ва бардоштани гомҳои амалӣ дар тақвияти ҳамкориҳо байни Эрон ва Тоҷикистонро хостор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон пешбинӣ кард, барқарориӣ ин хати парвоз бо истиқболи фаъолони иқтисодӣ ва гардишгарии ду кишвар рӯбарӯ шавад ва ба тавсеаи иртибототи тиҷорӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ миёни ширкатҳои исфаҳонӣ ва тоҷикистонӣ кумак кунад.

Алии Ёрмуҳаммадиён, мудиромили ширкати Намоишгоҳҳои байналмилалии устони Исфаҳон ҳам дар ин дидор гуфт, солона 46 рӯйдод дар намоишгоҳи Исфаҳон баргузор мешавад, ки ҳузури кишварҳои ҳамсоя ва наздики Ҷумҳурии Исломии Эрон монанди Тоҷикистон метавонад шароитро барои афзоиши кайфияти ин намоишгоҳҳо фароҳам оварад.