Пешниҳоди роҳандозии корти электронӣ барои муҳоҷирон дар Маскав

Намояндагони Думаи Маскав бар инанд, ки дар чаҳорчӯбаи фаъолияти зиддитеррористӣ пурзӯр кардани назорат аз болои фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Москва хеле муҳим аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Муовини раиси комиссияи Думаи шаҳри Маскав оид ба амният Андрей Шибаев пешниҳод карда, ки дар Маскав корти электронии муҳоҷир ҷорӣ карда шавад.

"Дар чаҳорчӯбаи фаъолиятҳои зиддитеррористӣ такмил додани системаи бақайдгирӣ, сабти ном ва назорати минбаъдаи фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахт, бо истифода аз усулҳои муосир, хеле муҳим аст. Ман на танҳо системаҳои муосири назорати видеоӣ, балки, эҳтимол, ворид намудани кортҳои электронӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро, ки дорои маълумоти пурраи соҳибони худанду, раванди ҳуввияти шаҳрвандони хориҷиро сабук мекунанд, дар назар дорам", — навиштааст оҷонсии "Москва" бо истинод ба Шибаев.

Дума тарҳи қонунеро пазируфт, ки ҳаққи аз қайд гирифтани муҳоҷиронро медиҳад

Ба андешаи Шибаев, корти электронии муҳоҷир бояд тамомии иттиллоотро дар бораи соҳиби худ дошта бошад: доштан ё надоштани патент, далелҳо оиди ҷавобгарии маъмурӣ ва дастрасии бақайдгирӣ.

Чӣ тавре, ки қаблан раиси Думаи шаҳри Маскав Алексей Шапошников иброз дошт, Думаи шаҳри Маскав ҳадаф дорад пешниҳодоти худро дар робита ба таҳкими масъулият барои шарикӣ дар муҳоҷирати ғайриқонунӣ такмил дода, онро барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ ироа намояд.

"ВКД-и шаҳри Маскав корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад, ки ба ошкор намудани далелҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва бақайдгирии тақоллубии хориҷиён дар қаламрави шаҳр равона шудааст. Дар тавсиаи ин мушкил мехоҳам зикр намоям, ки дар ҷаласаи баҳориямон мо нақшаи баррассии лоиҳаи қонунеро, ки ҷавобгарии ҷиноиро барои шарикӣ дар ташкили воридшавии ғайриқонунӣ, мондан ё убури шаҳрвандони хориҷӣ ва ё ашхоси бешаҳрвандӣ аз қаламрави ФР муқаррар кардааст, дорем", — гуфт Шапошников.