ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бо тасмими Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 16 феврал ширкати хусусии бимаи "Суғуртаи асри 21" барои оғози фаъолият муҷаввиз дарёфт кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии БМТ, ин ширкат ба бима кардани ихтиёрӣ, аз ҷумла, мавориди тасодуфӣ ва бемориҳо, дороӣ ва бимаи пизишкии ихтиёрии гардишгарон хоҳад пардохт.
Бонки миллии Тоҷикистон ин ширкатро дар феҳристи ягонаи давлатии ширкатҳои ҳирфаии бима шомил кардааст.